Кушта шудани зани тоҷик дар Русия

  • 4 Август, 2014

Дар шаҳри Звенигороди вилояти Маскав зани 27-солаи тоҷик худро бо кӯдаки дусолааш аз ошёни 9-ум берун андохта ва дар маҳалли ҳодиса ҷон бохтааст.

Кӯдакаш, ки ҷароҳати сангин бардоштааст, феълан дар бемористон бистарӣ шуда ва пизишкон барои зинда мондани ӯ талош мекунанд.

Манобеъи ниҳодҳои интизомии Русия ба хабаргузории “Интерфакс” гуфтаанд, ин ҳодиса соъати 21-и шоми шанбе иттифоқ афтода ва бар асоси таҳқиқоти муқаддамотӣ, хиёнату бевафоии шавҳар ин занро ба худкушӣ водор кардааст.

Ин манобеъ гуфтаанд, ду ҳафтае қабл низ ин зан қасди худро аз тиреза берун андохтан карда, аммо пайвандон садди роҳи ин амал шуда буданд.

Дар моҳи апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Маскав ҳодисаи мушобеҳ рух дода ва зани ҷавоне худро бо кӯдаки хурдсол аз ошёни чоруми бинои серошёна берун андохта буд. Дар ин ҳодиса модару кӯдак ҷон ба саломат бурда, аммо ҷароҳати сангин бардошта буданд.