Беш аз 300 мавриди худкушӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон

  • 18 Июл, 2014

Тибқи иттилоъи пулиси Тоҷикистон дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар ин кишвар 318 мавриди худкушӣ сабт шудааст.

Тавре ки вазири умури дохилаи Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 18 июл дар нишасти матбӯъотии ин ниҳод гуфт, 165 нафар аз ин афродро мардон ташкил медиҳанд, ки 24 нафарашон зери синни қонунӣ будаанд.

Ҳамчунин Рамазон Раҳимзода мегӯяд 153 нафар аз афродеро, ки даст ба худкушӣ задаанд, занон, аз ҷумла 31 духтари зери синни қонунӣ, ташкил медиҳанд.

Оқои Раҳимзода мегӯяд, ки сабабҳои аслии худкушӣ бемориҳои равонӣ, муноқиша миёни аъзои хонаводаҳо ва мушкилоти дигари иҷтимоъӣ аст.

Дар ҳамин ҳол, оқои Раҳимзода дар ин нишаст аз интиқоли 422 ҷасад аз Русия ба Тоҷикистон низ хабар дод, ки дар миёни ин афрод нуҳ нафар даст ба худкушӣ задаанд.

Ба гуфтаи ӯ 32 ҷасади дигаре, ки дар ин даврон ба Тоҷикистон аз Русия интиқол ёфтаанд, ба қатл расидаанд.

Вазири умури дохила мегӯяд, ки пулиси Тоҷикистон бо пулиси Русия дар мавриди ифшои афроде, ки дар қатли тоҷикон даст доранд, ҳамкорӣ мекунад.