Фавти як халабони ширкати “Тоҷик Эйр” дар Қазоқистон

  • 22 Май, 2014

Расонаҳои гурӯҳии Қазоқистон аз фавти як халабони ширкати “Тоҷик Эйр” дар фурӯдгоҳи шаҳри Октубеи ин кишвар хабар доданд.

Гуфта мешавад, ки Александр Жобин 15-уми моҳи май ба ҳангоми фурӯд омадани ҳавопаймои “Боинг-737” ба шаҳри Октубе дар асари масмумият (заҳролуд шудан) ҷони худро аз даст додааст.

Лола Кенҷаева, сухангӯйи ширкати “Тоҷик Эйр”, рӯзи панҷшанбеи 22-уми май дар суҳбат бо Би-би-сӣ ин хабарро таъйид кард ва афзуд, ки оқои Жобин 56 сол дошт ва барои ширкат дар тамрине озими Маскав буд.

Аммо хонум Кенҷаева гуфт, ки ин халабон дар асари сактаи қалбӣ ҷони худро аз даст додааст.

Маъмулан ҳавопаймоҳои ширкатҳои Тоҷикистон зимни парвоз ба шаҳрҳои Русия ва баръакс дар фурӯдгоҳҳои Қазоқистон барои сӯхтгирӣ таваққуф мекунанд.

Расонаҳои Қазоқистон гузориш додаанд, ки ҷасади Александр Жобин барои дафн ба шаҳри Волгогради Русия мунтақил шудааст. Вале хонум Кенҷаева мегӯяд, ки оқои Жобин дар шаҳри Октубе дафн шуда ва пайвандонаш дар ин маросим ширкат кардаанд.

Зимнан, дар моҳи ҷорӣ расонаҳои гурӯҳӣ аз фавти як мусофири тоҷик дар масири парвози Душанбе-Челябинск хабар дода буданд. Таҳқиқоти муқаддамотӣ собит кардааст, ки ин фард низ дар пайи масмумият (заҳролуд шудан) ҷони худро аз даст додааст.