Роҳпаймоии куҳнасарбозони Ҷанги Ҷаҳонии Дувум дар Суғд

  • 6 Май, 2014

Шуморе аз куҳнасарбозони Ҷанги Ҷаҳонии Дувум бо анҷоми як ройпаймоӣ дар шимоли Тоҷикистон аз маркази вилояти Суғд ба шаҳрҳои Чкалов ва Қайроқум сафар карда ва бар пояи муҷассамаҳои сарбозони гумноми ин ҷанг гулгузорӣ кардаанд.

Ин роҳпаймоӣ субҳи рӯзи 6 май дар шаҳри Хуҷанд оӯоз шудааст. Абдурақиб Қодиров, сухангӯйи созмони Мададгори мудофиъаи Тоҷикистон, гуфт ин тадбир барои гиромидошти хотираи сарбозони шаҳид ва тарбияти меҳандӯстии ҷавонон анҷом шудааст.

Куҳнасарбозони ҷанг ҳамчунин хотироти худро аз Ҷанги Ҷаҳонии Дувум барои донишомӯзони мадориси ҳамагонӣ нақл кардаанд ва бо раҳбарони шаҳру навоҳӣ дар минтақа мулоқот доштанд. Роҳбарони маҳаллӣ ба куҳнасарбозон маболиғе ба унвони кумак додаанд.

Рӯзи 7 май дар шаҳри Душанбе низ як маҳфили сайри мошинҳо бо ширкати куҳнасарбозон доир мешавад. Ҳамчунин, дар ин маҳфил куҳнасарбозон дар наздик машъале абадӣ гул мегузоранд.