Истирдоди як фарди муттаҳам ба қаллобӣ аз Русия ба Тоҷикистон
Кормандони интизомии Русия аз боздошт ва истирдоди як сокини Тоҷикистон ба ин кишвар иттилоъ доданд.
Тавре ки масъулони додситонии Русия мегӯянд, Одинахуҷ Давлатов дар Тоҷикистон ба даст доштан дар қаллобӣ муттаҳам шудааст.
Тибқи иттилоъи додситонии Русия оқои Далатов дар соли 2007 бо баҳонаи оғози фаъъолияти тиҷорӣ аз бонке дар шаҳри Кӯлоб маблағи беш аз ду ҳазор дулор вом гирифта ва онро бозпас надодааст.
Ҳамчунин , Одинахуҷ Давлатов бо роҳи фиреб ва сӯиистифода аз эътимоди як сокини Тоҷикистон аз ӯ 23 ҳазор дулор гирифтааст. Кормандони пулиси рус оқои Давлатовро дар тобистони соли 2013 дар минтақаи шимоли шарқи шаҳри Маскав, пойтахти Русия, боздошт кардаанд.
Кормандони интизомии Тоҷикистон ин шаҳрванди кишварро бар асоси моддаи 247-и қонуни кайфарии ин кишвар, яъне ба тақаллуб, муттаҳам мекунанд.
Дар сурате ки фарди муттаҳам тавони пардохти ғаромат ба ҷониби зиёндидаро надошта бошад, додгоҳ метавонад ӯро аз се то панҷ сол маҳкум ба зиндон бо мусодираи амвол кунад.
