Эскибози тоҷик дар Улампики Сучӣ муваффақ нашуд
Алишер Қудратов, эскибоз ва танҳо варзишкори тоҷик, ки дар бозиҳои улампики Сучӣ ширкат дошт, ба ҳеч дастоварде ноил нашуд. Он гуна ки аз муҳтавои торнамои Улампики Сучӣ бармеояд, оқои Қудратов натавонистааст масири эскирониро дар марҳилаи аввал то ба охир бирасонад.
Ин варзишкори тоҷик баъд аз зуҳри рӯзи шанбе бо беш аз сад нафар аз варзишкорон аз кишварҳои ҷаҳон вориди рақобат шуда буд, аммо дар марҳилаи аввал ноком шуд ва ба марҳилаи дувум роҳ наёфт.
Аз миёни инҳо варзишкоре 34-сола ба номи Морию Мот аз Утриш бештарин имтиёзро ба даст оварда ва пирӯз шудааст. Ондре Мирер аз Суэд дар мақоми дувум, Истефону Грос аз Итолиё ва Мотиос Шоргин аз Суэд мақоми севумро касб карданд.
Алишер Қудратов танҳо намояндаи Тоҷикистон дар улампики Сучӣ буд. Тоҷикистон дигар варзишкоре дар ин мусобиқот надорад. Агарчи қаблан гуфта шуда буд, ки Андрей Дригин, эскибози дигар, низ дар бозиҳои зимистонии Сочӣ ширкат мекунад, вале ӯ аз рақобатҳо канор рафт.
Дар маросими ифтитоҳияи бозиҳои улампики Сучӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки раҳбарии Кумитаи миллии улампики ин кишварро ба уҳда дорад, ширкат дошт.
Бозиҳои улампики зимистонии Сочӣ то 24 феврал идома хоҳад дошт. Дар ин 17 рӯз варзишкорон дар 15 навъи варзишҳои зимистонӣ дар 98 мусобиқа ширкат мекунанд.
