Боздошти як муҳоҷири тоҷик дар Узбакистон
Маъмурони марзии Узбакистон рӯзи шанбеи 1 феврал Тоҷиддин Латифов, сокини 36-солаи ноҳияи Ваҳдатро дар роҳи бозгашт аз Маскав ба Тоҷикистон аз қатор фароварданд. Тоҷиддин мисли ҳазорон муҳоҷири дигари тоҷик дар даҳ моҳи ахир машғули кор дар яке аз сохтмонҳои пойтахти Русия будааст.
Ба гуфтаи роҳбалади вогуни қаторе, ки Тоҷиддин дар он қарор дошта, ангезаи боздошти Тоҷиддин сабти ояҳои Қуръон дар ҳофизаи телефони ҳамроҳаш будааст. Дар як тамоси кӯтоҳи телефонӣ ба хонумаш Тоҷиддин гуфта, ки аснодашро маъмурони амниятии Узбакистон барои бозрасӣ гирифтаанд ва ба ӯ гуфтаанд, ки агар ҳуҷҷатҳояш мушкиле надошта бошад, рӯзи чоршанбеи 5 феврал бо қатори Маскав-Душанбе ба Тоҷикистон фиристода хоҳад шуд.
Наздикони Тоҷиддин ба Би-би-сӣ гуфтанд, ки дар бораи ин қазия ба вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ додаанд ва ҳамчунин ба сафорати Узбакистон дар шаҳри Душанбе шикоят хоҳанд бурд.
Барои аввалин бор нест, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар роҳи убури хоки Узбакистон тавассути қатор бо чунин мушкил рӯбарӯ мешаванд. Беш аз як милюн шаҳрванди Тоҷикистон ҳамасола барои кор ба Русия мераванд. Соли гузашта онҳо тавассути бонкҳо ҳудуди чаҳор милёрд дулор ба хонаводаҳояшон дар Тоҷикистон фиристодаанд.
