Ширкатҳои ҳавоии "ТоҷикЭйр" ва “СомонЭйр” аз фурӯдгоҳ бидеҳкоранд

  • 3 Феврал, 2014

Масъулони фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе мегӯянд, ки ширкатҳои ҳавоии "ТоҷикЭйр" ва “СомонЭйр” аз ин фурӯдгоҳ бидеҳкор будаанд.

Рустам Холиқов, раиси фурӯдгоҳ, рӯзи душанбеи 3 феврал, дар нишасти матбӯъотии ин ниҳод гуфт, ки ширкатҳои дигари ҳавоӣ, ки аз хадамоти фурӯдгоҳ истифода мекунад ба таври пешпардохт бахше аз сармояро ба онҳо ихтисос медиҳанд.

Оқои Холиқов мегӯяд, ки ширкати ҳавоии “СомонЭйр” бахше аз бидеҳиҳои худро дар назди онҳо дар соли гузашта бозпардохт кард.

Аммо вай афзуд: “Соли гузашта “СомонЭйр” беш аз 42 млюн сомонӣ ва ширкати “ТоҷикЭйр” барои хадамоти фурӯдгоҳ се милюн сомонӣ пардохт карданд. Бо дарназардошти бидеҳиҳои қабли ширкати “ТоҷикЭйр” ин ширкат ба фурӯдгоҳ беш аз 60 милюн сомонӣ бидеҳкор аст.”

Ин дар ҳолест, ки ширкати давлатии “ТоҷикЭйр” қимати хадамоти фурӯдгоҳи Душанберо бо 60 дарсади имтиёзот паррдохт мекунад.

Аз сӯйи дигар раиси фурӯдгоҳи Душанбе мегӯяд, ки таввақуфи парвозҳо шабонарӯзӣ дар фурӯдгоҳ, ҳудуди 20 ҳазор дулор хисорот дар як рӯз ба будҷаи фурӯдгоҳ ворид мекардааст.

Бо ин вуҷуд оқои Холиқов гуфт, ки даромади як солаи ин ниҳод беш аз 70 милюн сомониро ташкил медиҳад ва раиси фурӯдгоҳ вазъи иқтисодии фурӯдгоҳро қаноъатбахш арзёбӣ кард.