Шӯрои расонаҳо нашрияҳои 'солим' ва 'носолим'-ро ташхис дод

  • 24 Январ, 2014

Шӯрои расонаҳои гурӯҳии Тоҷикистон бар пояи арзёбии фаъъолияти 43 нашрия ва 10 сойти хабарӣ онҳоро бо таваҷҷуҳ ба риъояти ахлоқи рӯзноманигорӣ ба се гурӯҳ тақсим кардааст.

Ба гурӯҳи аввал, ки бо рӯзноманигории "солим" ташхис дода шудаанд, нашрияҳое чун "Нигоҳ", "Рӯзгор", "Фараж", "Озодагон", "Адабиёт ва санъат", "Азия-Плюс", маҷаллаҳои "Бонувон", "Чашма" ва "Навниҳол" шомил шудаанд.

Гурӯҳи дувум аз нашрияҳо, ки мавқеъияти мутавассит дошта ва "калаванда" хонда шудаанд, аз нашрияҳое монанди "Садои мардум", "Народная газета", "Имрӯз-News", "Минбари халқ", "Тоҷикистон", "Чархи гардун", "СССР", "Миллат", "Ману ту" иборат аст. Ба эътиқоди дастандаркорони ин арзёбӣ, иншо нашрияҳое ҳастанд, ки қавоъиди ахлоқии рӯзноманигориро баъзан иҷро мекунанду баъзан нақз.

Зимнан, масъулони нашрияи "Имрӯз-News" нисбат ба натоиҷи ин арзёбӣ эътироз кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, натоиҷи ин арзёбӣ "муғризона" аст ва ин нашрия аз узвият дар Шӯрои расонаҳо даст хоҳад кашид.

Нашрияҳое аз қабили "Ҷумҳурият", "Оила", "Муҳаббат ва оила", "Зан ва мард" аз ҷумлаи он нашриёте дониста шудаанд, ки дар матолиби онҳо одоби хабарнигорӣ аслан риъоят намешавад ва онҳо "ғӯтавари фисқу фуҷур, фаҳш ва пастзанандаи шаъну шараф ва ҳайсият" хонда шудаанд.

Муаллифони гузориш афзудаанд: "Дар рӯзномаҳои ба истилоҳ "давлатӣ" мо шоҳиди он мегардем, ки бо пиёда намудани бозиҳои сиёсӣ талаботи эҳтиром ба шахс барҳам хӯрда, ҳаёти шахсии баъзе ашхос чунон мавриди носазогӯиҳо қарор мегирад, ки он аз доираи одоби касбӣ берун меравад."

"Шаъну шараф ва эътибори баъзе ашхосро (ин нашрияҳо) тавассути алфози қабеҳ, калимаю иборатҳои таҳқиромез, аксу тасвирҳои номуносиб, ҳамчунин туҳмат, паст мезананд. Ғайр аз ин, бо ситоишҳои беҷо ва ночаспон эътимод ба худро коста мегардонанд."

Ҳамзамон Шӯрои расонаҳои гурӯҳии Тоҷикистон аз мавориди пахши иттилоъоти ниҳодҳои интизомӣ, ки бидуни таҳрир дар нашрияҳои марбут ба гурӯҳи севум нашр мешаванд, шадидан интиқод кардааст.