Чопи шумораи нахусти нашрияи "Ҳафта" бо мусоҳибае аз Муъмин Қаноъат
Image copyrightBBC World ServiceРӯзи чаҳоршанбеи 15 январ шумораи нахусти нашрияи “Ҳафта” мунташир шуд.
Ба гуфтаи дастандаркорон, ин нашрияи иҷтимоъӣ буда ва матолиби мухталифи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ мунташир мекунад.
Тибқи иттилоъи ин манобеъ, шумораи нахусти “Ҳафта” бо теъдоди як ҳазор нусха мунташир шудааст.
Рӯзноманигор Ҳикматёри Ҳикматзод сардабири ин нашрия мебошад. Дар гузашта оқои Ҳикматзод сардабирии нашрияи “Овоза ва ҳақиқат”-ро бар уҳда дошт.
Дастандаркорон мегӯянд, ки “Ҳафта” низ то ҷое идомаи нашрияи “Овоза ва ҳақиқат” аст. Ин нашрия аз моҳи марти соли 2011 то моҳи октябри соли 2013 мунташир мешуд.
Вале ба гуфтаи дастандаркорон, чопи ин ҳафтанома чандон муваффақ набуд ва ҳамакнун бо тағйири ном ҳайъати эҷодӣ талош доранд ба мавзӯъоти доғи ҷомеъа бипардозад.
Аз ҷумла, дар шумораи нахусти “Ҳафта” мусоҳиба бо Муъмин Қаноъат, шоъири саршинос, мунташир шудааст.
Оқои Қаноъат аз он изҳори норизоятӣ карда, ки ҳарчанд дар шаҳри Волгогради Русия мадарасаеро ба исми ӯ номгузорӣ кардаанд, вале дар Тоҷикистон ҳудуди чаҳор сол аст, ки шабакаҳои давлатии телевизиюнӣ бо ӯ мусоҳиба намекунанд ва барномаҳои мухталиф ӯро даъат намекунанд.
Муъмин Қаноъат ҳамчунин аз “авлодӣ” шудани ҳокимият дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда ва афзудааст: "Ин усул аз замони Сомониён ҳам пойинтар аст. Зеро ҳоло ин усул нишони давраи феудолисми ибтидоӣ мебошад."
