Ҳамоиши расона ва амнияти кори рӯзноманигорон дар Душанбе
Рӯзи шанбеи 30 ноябр дар маркази мутолеъоти роҳбурдии (истротежики) Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳамоише таҳти унвони “Расона ва амнияти фаъъолияти рӯзноманигорон дар Осиёи Миёна” баргузор шуд.
Ин ҳамоиш ба ибтикори Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон ва бо ҳимояти молии сафорати Омрико дар Душанбе ва Барномаи пуштибонӣ аз расонаҳои байналмилалии Донморк баргузор шуд.
Ба гуфтаи дастандаркорон, ҳадафи аслӣ аз баргузории ин ҳамоиш баҳсҳо дар мавриди вазъияти расонаҳо, озодии баён ва амнияти кори рӯзноманигорон дар кишварҳои Осиёи Миёна будааст.
Дар ин ҳамоиш даҳҳо рӯзноманигор ва намояндагони созмонҳои дифоъ аз рӯзноманигорон аз кишварҳои минтақа ва ҷаҳон суханрониҳое дар бораи масоили рӯзноманигорӣ ва амнияти хабарнигорон эрод карданд.
Яке аз масоиле, ки дар ин ҳамоиш барарсӣ шуд, чигунагии эҷоди як иттиҳодияи синфии рӯзноманигорон дар Тоҷикистон буд. Гуфта мешавад, ҳамакнун чунин як иттиҳодия, ки фаъъолияти муассире дар заминаи дифоъ аз рӯзноманигорон дошта бошад, дар Тоҷикистон вуҷуд надорад.
Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон як созмони бозмонда аз замони Шӯравӣ аст, ки наҳваи фаъъолияташ низ ба монанди созмонҳои тахассусии замони Шӯравист ва ба гуфтаи соҳибназарон, тавоноии ҳимояти комил аз рӯзноманигоронро ба шеваҳои роиҷ дар ҷаҳон надорад.
