Даври ҷадиди музокирот барои пайвастани Туркия ба Иттиҳодияи Урупо оғоз мешавад

  • 5 Ноябр, 2013
Image caption Музокирот бар сари тақозои узвияти Туркия дар Иттиҳодияи Урупо пас аз як вақфаи дигар аз сар гирифта мешавад

Иттиҳодияи Урупо ва Туркия даври ҷадиди музокирот бар сари дархости узвияти ин кишвар дар иттиҳодияро баргузор мекунанд.

Рӯзи сешанбеи 5 ноябр, намояндагони давлати Туркия ва Иттиҳодияи Урупо дар Бруксел дидор мекунанд, то музокироти худ бар сари узвияти Туркияро пас аз як вақфаи сесола аз сар бигиранд.

Ин музокирот бар асоси мусаввабаи Иттиҳодияи Урупо ба моҳи июни соли ҷорӣ баргузор мешавад ва шомили баррасии наҳваи иҷрои фасли марбут ба сиёсати минтақаии иттиҳодия тавассути Туркия дар сурати узвияти ин кишвар аст.

Тавофуқ дар ин замина марҳилаи дигаре аз раванди расидагӣ ба дархости узвияти Туркия дар Иттиҳодияи Урупо маҳсуб мешавад, ки солҳо пеш таслими урупоиён шуд ва ҳанӯз ба узвияти комил мунҷар нашудааст.

Раёсати ҳайъати эъзомии Туркия дар иҷлоси Брукселро вазири умури Иттиҳодияи Урупо ва сарпарасти музокироти ин кишвар бар уҳда дорад ва вазири умури тавсиъаи Туркия низ узви ин ҳайъат аст.

Намояндагони Иттиҳодияи Урупо таҳти раёсати кумиссари масъули густариши узвият ва ҳусни ҳамҷавори ин иттиҳодия дар иҷлоси Бруксел ширкат мекунанд.

Даври ҷадиди музокирот дар ҳоле баргузор мешавад, ки наҳваи бархӯрди давлати Раҷаб Тайиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия, бо тазоҳуроти зиддидавлатӣ дар тобистони соли ҷорӣ интиқодотеро аз сӯйи бархе кишварҳои урупоӣ дар пай дошт.

Image caption Наҳваи бархӯрд бо мухолифони давлат боъиси ибрози тардид дар мавриди муносиб будани вазъияти Туркия шуд

Ин кишварҳо давлати Туркияро ба нодида гирифтани ҳаққи комили озодии баён ва ҳамчунин корбурди хушунати номутаносиб дар муқобила бо тазоҳуркунандагон муттаҳам карда ва ин маворидро ноқизи завобити Иттиҳодияи Урупо дар мавриди риъояти ҳуқуқ ва озодии башар дар низомҳои демукротик донистаанд.

Иттиҳодияи Урупо танҳо кишварҳоеро метавонад ба узвият бипазирад, ки дорои низомҳои демукротик буда ва мавозини ҷаҳонии ҳуқуқи башарро риъоят мекунанд.

Узвият дар Иттиҳодияи Урупо ҳамчунин шомили пазириши як ришта таъаҳҳудоти иқтисодӣ, молӣ ва тиҷорӣ аст, ки давлатҳои узв бояд онҳоро ба иҷро бигузоранд. Тавофуқи тамомии аъзои Иттиҳодияи Урупоро пазириши узви ҷадид низ лозим аст.

Умеди дерин ва мсири тӯлонӣ

Агарчи бахши умдае аз хоки Туркия дар қораи Осиё воқеъ шуда ва аксари мардуми ин кишварро мусалмонон ташкил медиҳанд, аммоа аз замони эҷоди ҷумҳурии Туркия дар даҳаи 1920 аксари давлатҳо дар ин кишвар муътақид будаанд, ки иртибот бо урупоиён манофеъи ин кишварро беҳтар таъмин мекунад ва дар натиҷа бар урупоӣ будани кишварашон таъкид доштаанд.

Ду сол пеш аз таъсиси "Ҷомеъаи Иқтисодии Урупо" ё бозори муштарак, дар соли 1957 давлати Туркия дархостеро барои пазириш ба унвони узви вобаста таслими ин иттиҳодия кард, ки мавриди қабул қарор гирифт ва панҷ сол баъд ба иҷро даромад.

Image caption Бархе кишварҳои узви иттиҳодия ба осори иқтисодӣ ва фарҳангии узвияти Туркия нигарон ҳастанд

Дар соли 1970 бозори муштарак ва Туркия тавофуқномае шомили як ҷадвали замонӣ барои лағви мутақобили таъруфа ва саҳмиябандии тиҷориро имзо кардаанд, аммо бо вуқӯъи кудетои низомӣ дар Туркия дар соли 1980 иҷрои ин тавофуқномаро то баргузории интихоботи соли 1983 ба таъвиқ андохт.

Дар соли 1999 Иттиҳодияи Урупо расман Туркияро ба унвони "кондидои расмии" узвият дар иттиҳодия мавриди шиносоӣ қарор дод ва эълом кард, ки дар сурате, ки ин кишвар завобити мавриди назари иттиҳодияро амалӣ кунад, ба узвияти Иттиҳодияи Урупо пазируфта мешавад. Дар авохири соли 2004 музокироти расмӣ барои узвият дар иттиҳодия оғоз шуд.

Тайи солҳои пас аз он пешрафтҳое дар заминаи тавофуқ бар сари фусули мухталифи маробут ба шароити узвияти Туркия мавриди музокира ва тасвиб қарор гирифта, аммо ҳамчунон мавонеъе умда дар сари роҳи узвияти Туркия вуҷуд доштааст.