Ҳушдор ба рӯзноманигорон дар остонаи интихобот

  • 27 Август, 2013
Нашрияҳо
Image caption Шӯрои ВАУ аз нашрияҳои мустақил ва рӯзноманигорон даъват кардааст, дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар ин кишвар "қонуну ахлоқи касбиро риоя ва эҳтиром" кунанд

Шӯрои Васоити Ахбори Умум (ВАУ), як ниҳоди ғайридавлатии Тоҷикистон аз рӯзноманигорон даъват кардааст, дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар ин кишвар "қонуну ахлоқи касбиро риоя ва эҳтиром" кунанд.

Дар баёнияи Шӯрои ВАУ, ки рӯзи сешанбеи 27 август мунташир шуд, ҳушдор дода шудааст, "гунаҳкорсозии беасос, пешниҳоди маълумоте, ки шарафи инсониро зери по мегузорад, масъулияти ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ ба дунбол дорад."

Ба рӯзноманигорон тавсия шудааст, раванди корзори интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистонро, ки дар назар аст дар моҳи ноябри соли ҷорӣ баргузор шавад, беғаразона, шаффоф ва бо далелу арқоми санҷидашуда пӯшиш диҳанд ва матолиби муғризона таҳия накунанд.

Ҳамзамон, дар ин баёния аз дастандаркорон ва мутасаддиёни раванди интихоботи раёсати ҷумҳурӣ даъват шудааст, аз мавориди зӯроварӣ, шонтож ва сӯйиистифода аз мақом дар қиболи расонаҳо ва журнолистон худдорӣ кунанд.

Дар ҳамин ҳол, Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани Миллии Расонаҳои Мустақили Тоҷикистон гуфт, дар ин баёния умдатан аз расонаҳо ва рӯзноманигорон тақозои риояти қонуну ахлоқи касбӣ шуда, аммо ба мудохила ва фишорҳои ниҳодҳои давлати Тоҷикистон ба фаъъолияти расонаҳои мустақил ва рӯзноманигорон камтар таваҷҷӯҳ шудааст.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи оқои Қаршибоев, дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ фишори давлати Тоҷикистон болои расонаҳо ва нашрияҳои мустақил бештар шудааст.

Ӯ ба унвони мисол аз 7 қазияи додгоҳӣ алайҳи нашрияҳо ва хабарнигорони мустақил ишора кард, ки дар соли ҷорӣ дар додгоҳҳои ин кишвар анҷом шуда ё идома доштааст.

Зимнан, имрӯз 27 август, дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе даъвои Иттиҳодияи нависандагон, Фарҳангистони улум, Иттиҳодияи рассомон, Иттиҳодияи оҳангсозон, Иттиҳодияи меъморон ва иддае аз рӯшанфикрони тоҷик алайҳи Олга Тутубалина ва нашрияи "Asia-Plus" баррасӣ шудааст.

Рӯшанфикрони Тоҷикистон рӯзноманигор ва нашрияи мустақилро "дар таҳқири шараф, ҳайсият ва эътибори корӣ"-и рӯшанфикрони кишвар муттаҳам карда ва хостори пардохти ғаромат шудаанд.

Нашрияи "Asia-Plus" дар матлаби "Андешаҳои ғайримутамаддин дар бораи рӯшанфикрон" дар 30 майи соли ҷорӣ аз фаъъолиятҳои рӯшанфикрони тоҷик интиқод шуда ва дар он аз вожаи Владимир Ленин, бунёдгузори Иттиҳоди Шӯравӣ "рӯшанфикрон мағзи миллат на, наҷосати миллатанд" истифода шуда буд.

Масъулони ин нашрия гуфтаанд, Олга Тутубалина назари инфиродии худро дар бораи рӯшанфикрон иброз карда, ки бар асоси Қонуни асосии Тоҷикистон ӯ набояд мавриди пайгарди қонунӣ қарор гирад.

Дар ҳамин ҳол, ба далели вуҷуди навоқис дар асноди пешниҳодии даъвогарон ҷаласаи додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баррасии ин қазияро то 3 сентябри соли ҷорӣ ба таъвиқ андохтааст.

Матолиби муртабит