Омили сонеҳаи Сон Фронсиску "нуқси фаннӣ ё хатои халабон набуд"

  • 7 Июл, 2013

Раиси ширкати ҳавопаймоии Осиёнои Куреи Ҷанубӣ гуфтааст, ки ӯ тасаввур намекунад иллати сонеҳаи ҳавопаймои Буинг 777 ин ширкат дар фурудгоҳи Сон Фронсиску нуқси фаннӣ бошад.

Рӯзи гузашта як ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии Осиёно, ки дар фурудгоҳи байналмилалии Сон Фронсиску дар ҳоли фуруд буд, дучори сонеҳа шуд.

Юн Юнг Ду, раиси ширкати ҳавопаймойии Осиёно дар кунфаронсе хабарӣ дар Сеул гуфт: "Дар ҳоли ҳозир дарёфтаем, ки мушкилоти марбут ба мутури ҳавопаймо ва ё нуқси фаннӣ далели ин сонеҳа набудааст."

Раиси ширкати ҳавопаймойии Осиёно ҳамчунин ҳар гуна эҳтимолро дар бораи бурузи иштибоҳ аз суи халабон дар пеш омадани ин сонеҳа рад кардааст.

Гузоришҳо аз кушта шудани ду нафар дар ҷараёни ин сонеҳа ҳикоят дорад.

Ин ҳавопаймо ба ҳангоми бурузи сонеҳаи 292 мусофир ва 16 хадама дошт.

Дар пайи ин сонеҳа 181 мусофир барои мудово ба бемористон мунтақил шуданд, ки бархе аз онҳо ҷароҳоти сатҳӣ доштанд.

Дар тасовири мунташиршуда, ҳавопаймои мусофирбарии Буинги ширкати Осиёно дар шароите дида мешавад, ки бахши умдаи сақфи он дар оташ сӯхтааст.

Яке аз шоҳидони айнӣ гуфтааст, ки ба назар мерасид ҳавопаймо дар ҳангоми наздик шудан ба замин аз кунтрул хориҷ шуда бошад.

Ширкати ҳавопаймойии Буинг бо интишори баёнияе аз ироаи кумакҳои фаннӣ барои анҷоми таҳқиқот дар ин маврид хабар додааст.

Матолиби муртабит