Қатъи шабакаҳои бурунмарзии давлатии Эрон аз моҳвораҳои ғарбӣ
Сервисдиҳандаи иртибототи моҳвораии Урупо (Интелсет) аз имрӯз пахши барномаҳои шабакаҳои родию ва телевизиюнии шабакаи бурунмарзии давлатии Эрон, аз ҷумла шабакаҳои Пресс Ти-Вӣ, Ҳиспон ва чанд шабакаи дигарро қатъ кардааст.
Эрон ин иқдомро ғайриқонунӣ хонда ва гуфта мавзӯъро аз мароҷеъи ҳуқуқии байналмилалӣ дунбол хоҳад кард.
Пахши барномаҳои шабакаи инглисизабони Пресс Ти-Вӣ аз моҳвораҳои Ҳотберд, Ютелсет ва Интелсет ва пахши шабакаҳои испонизабони Ҳиспон ва шабакаи арабии Алъолам ҳам аз моҳвораи Ютелсет мутаваққиф шудааст.
Ба ҷуз ин, барномаҳои чанд шабакаи дигар, аз ҷумла Ой филм (ки фақат сериолҳои эронӣ пахш мекунад) ва шабакаи Кавсар аз чанд моҳвора қатъ шудааст.
Ба гуфтаи шабакаи Пресс Ти-вӣ, дирӯз Созмони Байналмилалии Иртибототи Моҳвораӣ (ITSO) аз моҳвораи Интелсет ва давлати Омрико хоста, то бо Эрон дар ин замина музокира кунанд.
Пресс Ти-вӣ гузориш медиҳад ширкати Интелсет ҳудуди ду ҳафта пеш ба Садо ва симои Эрон иттилоъ дода буд, ки пахши шабакаҳои онро ба иллати таҳримҳои Омрико аз рӯзи душанбеи 1 июл мутаваққиф мекунад.
