Вокуниши ИУ ба лату кӯб шудани муъовини раиси ҲНИТ

  • 6 Май, 2013
Иттиҳодияи Урупо
Image caption Иттиҳодияи Урупо ҳодисаи ҳамла ба муъовини раиси ҲНИТ-ро маҳкум кард

Иттиҳодияи Урупо ҳодисаи ҳамла ва лату кӯб шудани ба Маҳмадалӣ Ҳаит, муъовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро маҳкум кардааст.

Дар баёнияи дафтари намояндагии ин созмон дар Тоҷикистон, ки рӯзи душанбеи 6 май мунташир шуд, аз давлати Тоҷикистон дархост шудааст, то ин қазия ҷиддан бозрасӣ шавад.

Дар ин баёния омадааст, бозрасии шаффофи ҳодисаи лату кӯб шудани оқои Ҳаит, ки "намояндаи ҳизби муҳими қонунии мухолифони давлат аст, барои эътибор ва қобили қабул будани интихоботи раёсати ҷумҳурии соли ҷорӣ дар Тоҷикистон аз аҳамияти муҳим бархурдор аст."

“Хонаи Озодӣ” ё “Freedom House”, созмони дифоъ аз ҳуқуқи башари мақараш дар Омрико билофосила пас аз вуқӯъи ҳодисаи ҳамла ба Маҳмадалӣ Ҳаит як баёния пахш карда, ин қазия ва фишорҳо болои Ҳизби наҳзати исломиро ба интихиботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон рабт дода буд.

Ин ниҳод аз созмонҳои байналмилалӣ ва давлати Омрико даъват карда буд, то мавзӯъи таъмини ҳуқуқи башар ва озодиҳои сиёсиро бо давлати Тоҷикистон дар миён гузоранд.

Дар ҳафтаи гузашта, Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Омрико дар Тоҷикистон низ бо пахши баёнияе ҳодисаи лату кӯб шудани муъовини раиси ҲНИТ-ро маҳкум карда ва хостори муҷозоти омилони ин ҳамла шуда буд.

Маҳмадалӣ Ҳаит, муъвини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, шоми рӯзи 19 апрели соли ҷорӣ дар наздики манзилаш дар шаҳри Душанбе аз ҷониби афроди номаълум мавриди ҳамла ва лату кӯб қарор гирифт. Дар пайи ин ҳамла оқои Ҳаит дар бемористон бистарӣ шуд.

Бино ба иттилоъи маркази матбуъоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, барои бозрасии ин ҳодиса гурӯҳи вижае таъсис шуда ва корҳои бозрасӣ дар ҷараён аст.

Зимнан, ду соле қабл, Ҳикматулло Сайфуллозода, сухангӯйи ҲНИТ низ дар наздики манзилаш дар шаҳри Душанбе аз ҷониби афроди номаълум мавриди ҳамла қарор гирифта, аммо то ҳол омилони ин ҳамла боздошт нашудаанд.