Уилём Ҳейг: Давлати Бритониё ниёзе ба тағйири равия надорад

Уилём Ҳейг, раҳбари собиқи ҳизби муҳофизакор ва вазири умури хориҷаи феълии Бритониё гуфтааст ҳизби ҳокими муҳофизакор алорағми шикастҳое, ки дар интихоботи шӯроҳо мутаҳаммил шуда, ниёзе ба тағйири равия ва рӯйкард надорад.
Дар интихоботи шӯроҳо дар рӯзи панҷшанбеи гузашта ҳизби муҳофизакор кунтрули 18 шӯроро ҳифз кард, аммо кунтрули даҳ шурои дигарро аз даст дод.
Ҳизби истиқлоли Бритониё (UKIP), ки дар порлумон намояндае надорад, дар асари афзоиши ҷиддии ҳимояти мардум тавонист як чаҳоруми орои рехташуда дар сандуқҳо ва беш аз 140 курсӣ дар шӯроҳои маҳаллиро касб кунад.
Меҳвари аслии сиёсасти ростгароёнаи ҳизби истиқлол мухолифат бо муҳоҷират, хуруҷ аз Иттиҳодияи Урупо ва ҳазинаҳои болои сиёсати таъмини иҷтимоъӣ аст.
Уилём Ҳейг дар мақолае дар рӯзномаи Сандий Тоймз гуфтааст, ки ҳизби муҳофизакор ин нигарониҳои мардумро дарк мекунад ва бо онҳо ҳамсӯй аст.
Ҳизби коргар, ҳизби уппузисюни Бритониё кунтрули ду шурои дигарро дар ин интихобот ба даст овард ва наздик ба 300 курсӣ ба курсиҳои худ дар шӯроҳои маҳаллии мухталиф изофа кард.
Оқои Ҳейг гуфт мардум аз тариқи орои худ дар интихоботи шӯроҳо паёми рӯшане ба давлат ироа додаанд ва давлат инак бояд ба ин паём аксулъамали муносиб нишон диҳад.
Бо ин ҳол ӯ гуфт ҳиҷ роҳҳали содае барои ҳаллу фасли мушкилоти ношӣ аз муҳоҷират ва рукуди иқтисодӣ вуҷуд надорад.
