Раиси Шӯрои сулҳи Ҳилманд дар инфиҷори канориҷодаӣ кушта шуд

  • 1 Май, 2013

Сухангӯйи волии Ҳилманд таъйид карда, ки Шоҳвалӣ Хон, раиси Шӯрои сулҳи ин вилоят, дар инфиҷори канориҷодаӣ кушта шудааст.

Умар Зовак гуфт, ки ин инфиҷор дақоиқе пеш аз зуҳри имрӯз (1 май) дар минтақаи Яхчоли Гаршак рӯй дод.

Оқои Зовак афзуд, ки Масъуди Бахтовар, муъовини волии Ҳилманд, ҳам ҳамроҳи раиси дафтари вилоятии Шӯрои олии сулҳ буд, аммо ӯ аз ин инфиҷор ҷони солим ба дар бурд.

Онҳо дар ҳоли сафар аз Лашкаргоҳ ба вулусволии Гаршак буданд.

Сухангӯйи волии Ҳилманд ҳамчунин гуфт, ки дар ин рӯйдод ду муҳофизи Шоҳвалӣ Хон ҳам кушта ва чаҳор маъмури пулиси дигар захмӣ шуданд.

Гузоришҳои аввалия ҳокӣ аз он буд, ки раиси дафтари вилоятии Шӯрои олии сулҳ дар ҷараёни даргирии байни нерӯҳои амниятӣ ва шӯришиён кушта шуда, аммо Умар Зовак гуфт, ки ӯ бар асари инфиҷори як бумби канориҷодаӣ ҷони худро аз даст дод.

Ҳанӯз масъулияти ин рӯйдодро ҳеҷ фард ё гурӯҳе ба дӯш нагирифтааст.