Хисороти ворида аз оташсӯзии бозори “Фаровон”-и Қурғонтеппа мушаххас шуд
Идораи оташнишонии вилояти Хатлон гуфтааст, ки оташзӯзӣ дар бозори “Фаровон”-и шаҳри Қурғонтеппа ба маблағи беш аз 800 ҳазор сомонӣ (муъодили беш аз 200 ҳазор дулор) хисороти молӣ ба будҷаи ин бозор ворид кардааст.
Ин дар ҳолест, ки масъулони ин ниҳод мегӯянд, ки то ҳол хисороти ворида ба соҳибкорону тоҷирони бозори “Фаровон” арзёбӣ нашудааст.
Сӯҳроб Қулмаҳмадов, сухангӯи идораи оташнишонии вилояти Хатлон, рӯзи душанбеи 29 апрел гуфт, ки ҳамчунин кормандони ин ниҳод машғули мушаххас кардани сабаби аслии рух додани ин ҳодиса ҳастанд.
Ин оташсӯзӣ шоми 24 апрел дар бозори “Фаровон” сар зад ва кормандони оташнишонии шаҳру навоҳии вилояти Хатлон то субҳи 25 апрел машғули фурӯ нишонидани он буданд.
Дар натиҷаи оташзӯзӣ масоҳати беш аз чор ҳазору 400 квадрат метрии бозор хароб шуд, ки даҳо соҳибкор ва тоҷире, ки дар бозор машғули кор буданд, бекор монданд. Ин нахустин ҳодисаи оташсӯзӣ дар ин бозор набуда ва ҳодисаи оташсӯзӣ соли гузашта беш аз 70 дӯкони фурӯши телефонҳои ҳамроҳ ва шириниҳои ин бозорро нобуд кард.
Дар даҳаи ахир чандин мавриди оташсӯзӣ дар бозорҳои мухталифи Тоҷикистон рух дода, ки муҷиби хисороти ҳангуфте ба соҳибон ва тоҷирон шуда буданд.
Аз ҷумла оташсӯзии шадид дар соли 2012 дар бозори мавсум ба “Корвон”-и шаҳри Душанбе даҳҳо соҳибкорро муфлис кард ва ин оташсӯзӣ эътирози тоҷиронро низ дар пай доштааст.
