Як ҳавопаймои бории НОТУ дар шимоли Кобул суқут кард

  • 29 Апрел, 2013
Фурудгоҳи Багром
Image caption Фурудгоҳи Багром аз пойгоҳҳоии аслии Омрико дар Афғонистон аст

Нерӯҳои байналмилалии кӯмак ба амният дар Афғонистон, Ойсоф таъйид кардаанд, ки як ҳавопаймои бории мутааллиқ ба онҳо дар пойгоҳи ҳавоии Багром суқут кардааст.

Арин Истотел, сухангӯи ин нерӯҳо ба Би-би-сӣ гуфт, ки ин ҳавопаймо асри имрӯз ҳангоми парвоз суқут кард. Ӯ гуфт ки гурӯҳи баррасии НОТУ барои баррасии ин рӯйдод ба маҳали ҳодиса рафтаанд.

Хонум Истотел дар бораи талафоти эҳтимолии ин ҳодиса сухане нагуфт ва афзуд, ки ҷузъиёти суқути ин ҳавопайморо пас аз анҷоми таҳқиқот дар ихтиёри расонаҳо қарор медиҳад.

Дафтари иттилоърасонии нерӯҳои омрикоӣ дар фурудгоҳи Багром дар паёме, ки ба Би-би-сӣ фиристода, гуфтааст, ки ин ҳавопаймо дучори сонеҳа шуд ва суқут кард.

Дар ин паём омада, ки дар маҳали рӯйдод фаъолияти шӯришиёни мусаллаҳ дида нашудааст.

Гурӯҳи Толибони аммо бо пахши хабарномае гуфта, ки суқути ҳавопаймои борбарӣ дар Багром кори афроди вобаста ба ин гурӯҳ будааст. Дар хабарномаи Толибон омадааст, ки нафароти ин гурӯҳ як ҳавопаймои бузурги ҳамлу нақли нерӯҳои хориҷиро дар минтақаи "Сидукон" дар наздикии фурудгоҳи Багром суқут додаанд.

Рӯзи якшанбе, 8 урдубиҳишт/савр (28 апрел) як ҳаликуптери НОТУ дар вилояти Зобул дар ҷануби Афғонистон суқут кард ва бар асари он чаҳор сарбози омрикоӣ кушта шуданд.

Ҷилавгирӣ аз як инфиҷор дар пойгоҳи Багром

Бар асоси як хабари дигар Идораи амнияти миллии Афғонистон гуфтааст, ки аз инфиҷори як тонкери ҳомили сӯхт дар пойгоҳи фурудгоҳи Багром ҷилавгирӣ шудааст.

Масъулони ин идора гуфтаанд, ки ронандаи тонкери ҳомили сӯхт ва як фарди ҳамроҳаш қасд доштанд, ки ин тонкерро дар дохили пойгоҳи ҳавоии НОТУ мунфаҷир кунанд.

Амнияти миллии Афғонистон ҳамчунин гуфтааст, ки ронандаи тонкер мехост миқдоре маводи мунфаҷира, бумбҳои дастсоз, аслиҳа, норинҷак ва силоҳи сабукро ба фурудгоҳи Багром мунтақил кунад.

Дар хабарномаи Идораи амнияти миллӣ омадааст, ки қарор буд ронандаи ин тонкер ин маводи мунфаҷира ва силоҳро аз бандари Шерхон дар вилояти шимолии Қундуз ба Багром бубарад.

Фурудгоҳи Багром дар вилояти Парвон, дар шимоли Кобул мавқеъият дорад ва яке аз бузургтарин пойгоҳҳои низомии нерӯҳои омрикоӣ дар Афғонистон шумурда мешавад.

Фурудгоҳи Багром пеш аз ин низ ҳадафи ҳамалоти мушакии мухолифони мусаллаҳи давлати Афғонистон қарор гирифтааст.

Матолиби муртабит