Ҳамлаи маргбор ба нерӯгоҳе дар Пешовар ҳафт кушта барҷо гузошт
Мақомҳои покистонӣ мегӯянд, ки дар ҳамлаи маргбори афроди мусаллаҳ ба нерӯгоҳи барқӣ дар Пешовар дастикам ҳафт нафар кушта шудаанд.
Пулис мегӯяд, ки як маъмури пулис ва як корманди нерӯгоҳ дар ҷо кушта ва даҳ нафари дигар гаравгон гирифта шуданд.
Ба гуфтаи пулис ҷасади панҷ нафар аз гаравгононҳо каме баъд пайдо шуд, аммо аз вазъияти панҷ гаравгони дигар иттилоъе дар даст нест.
Ҳанӯз ҳеч гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо бар уҳда нагирифтааст, аммо Толибон дар ин минтақа ба тановуб (банавбат) даст ба ҳамалоти мусаллаҳона мезананд.
Ин ҳамла боъиси қатъи барқ дар бахше аз шаҳр шуд, аммо муддате баъд барқ васл шуд.
